БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДУ НАФАР ХОНАНДА БО ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ ТАЪМИН ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар сехи дӯзандагии «Нилуфар» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.  

Зимнан масъулин қайд намуданд,  ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани либоси ягона дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, таъмини адолат ва аз байн бурдани нобаробарӣ байни хонандагони дорову нодор мебошад. Таъкид ба амал оварданд, ки дар робита ба сару либоси мактабӣ, дастурамалӣ либоси ягона, замоне қабул шуд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон бо пӯшиши сару либос кӯдакон ба табақаи бой ва камбағал ҷудо шуда буданд ва ин боис ба сар задани ихтилофу нофаҳмиҳо мешуд. Як ҳадафи дигари тасвиби ин дастурамалро ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, ки зери падидаи сатру ҳиҷобӣ исломӣ дар кишвар паҳн шудааст, унвон карданд.     

Дар қисмати амлалии Аксияи ҳизби «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хонандагоне, ки аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мебошанд, сару либоси мактабӣ ройгон тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg