БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДОНИИ ЯК ГӮШАИ ДИЁР ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

Ш.ШОҲИН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи «Ҳоҷидара» вохӯрӣ доир намуданд.

Ҳамоиш фарогири мавзӯъўҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Точикистон, татбиқи амалишавии  аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якчоя ҳал мекунем!», таъмири мағозаю, кошонаи ҳусн ва роҳу кӯпрукҳо, ҳалли проблемаҳои  мактабро  дар бар гирифтанд.

Асақолов Алиҷон  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни баромад дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ,  Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳоитақвияти бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ карда, фаъолону   соҳибкорони  деҳаро барои дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа, дар доираи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сохтмони иншоотҳои хизматрасонию маишӣ, ки як гўшаи деҳаро ҳусни дигар мебахшад ва чанд нафари дигар соҳиби чойи кор мешавад,  раҳнамоӣ намуд.

Баъдан Аксияи ҳизбӣ  роҳандозӣ гардида,  таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи болозикрро ба роҳ монда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg