Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МАҚСАД ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ ХУБИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулобод»-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ  Давлатҷон Ғаффорзода  оид ба  корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда,     қайд кард, ки  тибқи нақшаи корҳои созандагию ободонӣ  дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолнишин, махсусан деҳот бояд ҳал карда шавад.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Гулобод Маҷидов Абдулмаҷид масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири муассисаи таҳсилоти умумии №8 кӯмак намуд, ки ин иқдоми нгаҷибро кормандони соҳаи маориф хуш пазируфтанд.

Инчунин, аз тарафи хатмкунандагони муассисаи мазкур як синфхонаи он аз таъмири асосӣ баровардашуда дар рӯзҳои наздик бо тамоми  таҷҳизотҳои ҳозиразамони хониш  таъмин карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg