БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ – АМАЛИ НЕК ВА ХАЙРИ АДОНАШАВАНДА АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии  “Маҳаллаи №6”   баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,

баланд бардоштани сатҳи хизматрасониву тарбияи ҷавонон  дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла мавсимӣдар фасли гармо,  тарғиби фарҳанги миллӣдар байни занону бонувон,  сафарбар кардани сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози сухан намуд.

Дар   қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи маҳаллаи мазкур ба масофаи 200 метр сангфарш  карда шуданд.

       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg