БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДОЗЧИЁН ДАР ШУКУФОИВУ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ҲИССАГУЗОР МЕБОШАНД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҷлисгоҳи идораи Нозироти андози ноҳия  бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андоз” мулоқот  роҳандозӣ гардид.

Дар он Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок карда, қайд намуд, ки бо дастури Пешвои миллат ба Хукумат супориш дода шуд, ки  барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар ин росто, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар ҷараёни мулоқот раиси ташкилоти ибтидоӣ Ализода Шариф аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ба Ватану давлат содиқона хизмат намуда, барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд.

Дар охир ҷихати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ – ҳизбии “Якҷоя хал мекунем!” андозчиён ба 1 нафар  маъюби ноҳия  аз қабили орду равған кўмаки моддӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg