Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ВА ҒАМХОРӢ ҚАРОР ДОРАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ”  бо кормандони соҳа доир гашт.

Масъулин дар зимни суҳбат  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстию хештаншиносӣ, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баромад намуданд.

Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”  баргузор гардида, ба як нафар шахси ниёзманди ҷомеа Тешаева Шарофат маводи хӯрока кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg