БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил»-и ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва вобаста ба сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg