БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ПЕШГИРИИ ҶОМЕА АЗ БЕМОРИҲОИ ХАТАРОВАРИ СИРОЯТӢ

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи маркази»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» хониши сиёсӣ доир гардид.

Нахуст зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Одилҷон Маҳмадов иброз дошт, ки бемории ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣ ҳамчун вабо, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрӯзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.

Инчунин, мавсуф қайд намуд, ки вируси норасоии масунияти одам - вирусе, мебошад, ки низоми ҳимояи ҷисмро халалдор карда, онро аз мубориза бар зидди бемориҳои сирояткунанда боз медорад.

Баъдан дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бйни масъулини ҳизбӣ ваҷамъомадагон суолу  муколамма сурат гирифт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg