БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ДАР КАНОРИ ВАТАНЕМ!

ВОКУНИШ. Тавре маълум аст, дар ростои гуфтушуниди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ноҳияи Исфара бояд амалӣ мегардид, доираҳои манфиатҷўйи қирғиз дар хати марз, аниқтараш мавзеи Ворухи ноҳияи Исфара ба иғвои навбатӣ даст заданд. Тибқи маълумотҳо дар пайи занозании тарафайн аз чониби Тоҷикистон як нафар ҳалок гардида, зиёда аз 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Боиси нигаронист, ки баъди рўй додани чунин нофаҳмиҳо дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон омилони гунаҳкори ин занозаниҳо, ки сабабгори марги инсонҳо мегардад, ба ҷавобгари чиноятӣ кашида намешаванд. Чунин тарзи муносибат қобили қабули ҳамсоядорӣ нест ва роҳҳои расидан ба мувофиқаҳои марзиро мушкил месозад.

Дар баробари ин, аз тарафи доираҳои хиёнаткори ҳамватанони мо дар хориҷи мамлакат, ба ҷойи аз роҳи қонунӣ ва сулҳу салоҳ, инчунин дипломатияи сиёсӣ ҳаллу фасл намудани масъала мардумро ба сўи якдигарбадбинӣ ва ҷангу хушунатҳои марзӣ таблиғ мекунанд. Ба ақидаи солим оғози ҷангу хунрезӣ роҳи ҳалли масъала нест ва таблиғи ҷангу хушунат ва якдигарбадбинӣ миёни ду халқ, ки аз гузашта робитаҳои ҳасана доранд ба зарари ҳар ду давлат хоҳад буд.

Дар баъзан маврид дар шабакаҳои ичтимоӣ «сиёсатмадорони занмиҷоз»-и ҳар ду давлат (манзурам мухолифин) бо ҳар роҳу восита ба деги болои оташ равған рехтан хоста, мардуми точику қирғизро ба ҳам душман сохтан мехоҳанд.

Вазъи воқеии рўзҳои охир дар марз дар ин нуқтаи доғ собит месозад, ки гурўҳҳои манфиатҷўй ҳатто аз ҷониби рўстоҳои давлати ҳамсоя ба сохторҳои қудратии худ, ки кафили сулҳу субот дар марзанд, эътмод надоранд ва онҳоро зери зарбу лат қарор додаанд. Инҷо афкоре ба миён меояд, ки дар ин минтақа шояд гурўҳи сеюм барои тавтеаву иғво манфиатдоранд ва ба ҳар роҳу восита мардуми минтақаҳои марзиро ба доми ҷангу хушунат мекашанд. Биноан месазад, дар ин маврид аз рўи ақли солим кор гирифт...

Дар ҳар ҳолат мо тарафдори ҷангу хунрезӣ нестем ва дар сурати ғайр тамоми ҷавонони ватандўст барои ҳимоят аз давлату миллат ва марзи ору номуси точикӣ омодаем.

Интиҳои ҳама нофаҳмиҳо сулҳу рафоқат аст ва мо ба ҳамкориҳои сатҳи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хушбинем. Бовар дорем, ки мушкилоти марзӣ рўзҳои наздик ба мусоидати сарони давлатҳои Точикистону Қириғизистон ҳаллу фасл гардида, зиндагии сокинон ба маҷрои пештара бар мегардад.

Т. Назарзода- Раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар н. Ш. Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg