БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРИМИЗМ!

ВОКУНИШ. Агар дар вуҷуди инсон иллати хатарнок пайдо шавад бо ҷарроҳӣ ва ё шуоъ (лазер) онро табобат мекунанд.

Имрӯз авзои ҷомеаи ҷаҳониро терроризм ва экстремизм мисли бемории саратон (рак) ба даҳшат овардааст. Чунки терроризм ва террорист ба ҷузъ марг, куштор, қатли инсонҳо ва тарконидани ҷойҳои муқаддас дигар коре надоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон атрофи ин тоифа мардуми сиёҳкор, терроризм ва террорист андешаҳои ҷолиб иброз доштанд. Аз рӯи хабарҳои хабарнигорони кишварҳои дунё маълум мешавад, ки терроризм ҷинояти байналмиллалӣ шудааст . Яъне, терроризм ҷиноятест, ки олами инсониятро фаро гирифтааст. Қатлу кӯштор ва тарконидан, вайрон кардан барои онҳо амали «нек ва кори савоб» ба ҳисоб меравад.

Бадбахтӣ дар он аст, ки аксари чунин ваҳшиёни одамхӯр аз байни мусалмонҳо баромадаанд ва ин беимонҳои гурсӯхта нашармида худро мусалмони мубориз ва воқеъӣ медонанд. Ва акнун бубинед, Худованди якто дар «Қуръон»-и беҳамтояш дар бораи онҳое, ки  қасди террор мекунанд, онҳоро манъ доштааст: «Ва ӯст он (Худой), ки дар миёни Макка дасти онҳоро аз Шумо ва дасти Шуморо аз онҳо боздошт, баъд аз он, ки шуморо бар онҳо пирӯзманд сохт» (Ал-Фатҳ, ояти 24). Онҳое, ки имрӯз дар Сурия, Либия, Ироқу Шом ва Афғонистон ба амалҳои террористиашон одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, онҳоро ҳеҷ гоҳ мусулмон номидан мумкин нест.

Ҳамватанони азиз фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон бо ҳукми Суди Олӣ мамнӯъ эълон шуда бошад ҳам ҷонибдоронашон тавассути шабакаҳои зархаридонашон ва каналҳои интернетӣ ҷонибдоронашонро мекобанд. Имрӯз Кабирию думу думчаҳояш ҳамон мори саркӯфтаро мемонанд, ҳолоҳам ҷонаш набаромадааст. Нашавад, ки дар доми ин сияҳкорон афтед!    

Истиқлолиятро ҳифз бояд кард!.

 

Абдураҳмонов Ҷамшед, мутахасиси шуъбаи таблиғот иттилоот

ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg