БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ҶОНИБДОРИ ҲАЛЛИ МУСОЛИҲАТОМЕЗИ НИЗОЪҲО БУД, ҲАСТ ВА МЕМОНАД!

ИЗҲОРОТ. Рӯзи 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух Парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд”. Ба ин пайкори созанда шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро ҳудуди кишвари моро кофта, лавҳаи «Оқсой» ва парчами Қирғизистонро насб карданд. Ин амали шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом дода шуд, ки сокинони Ворухи ноҳияи Исфара ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омадааст.

Дар ин миён сокинон сангпартоӣ кардаанд ва аз силоҳ низ истифода шудааст. Ин амал дар се шабонарӯз ду маротиба рӯзҳои 22-23 июл рух додааст, ки боиси ташвиш аст. Дар натиҷа талафоти ҷонӣ ва ҳам зарари зиёди ҷисмонӣ низ дар байни тоҷикону қирғизҳо ба қайд гирифта шудааст.

Агар ба вазъияте, ки бар асари низои чанд рӯзе пеш дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадааст назар афканем, воқеан касро озурдаву ғамгин менамояд. Аз ин ҳодисаи баамаломада метавон хулосаи амиқ баровард, ки якдигарнофаҳмию шуру иғво ба чи оварда мерасонад!

Дар ин бобат шоири бузурги тоҷик Ҳофизи Шерозӣ хело ба маврид гуфтааст:

 

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Дар бобати ҳодисае, ки рух додааст, фикр мекунам, ки баъзе аз гурӯҳҳои  манфиатҷӯ аз ин вазъ истифода хоҳанд бурд. Зеро бо ҳамсоякишварҳои худ мо – тоҷикон муносибатҳои хуби дӯстона дошта, дар ҳама вазъият бо якдигар такя мекунем, ки ин ба душманони мо хуш намеояд ва инро нотавонбинон дида, метавонанд аз чунин вазъиятҳо истифода бурда, миёни мо ташаннуҷ ва шуру иғво тавлид созанд.

Як нуқтаро гуфтан лозим аст, ки мақсади асосии давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии Тоҷикистон ин муносибатҳои хуб ва ҳамкории судманд доштан бо дигар давлатҳои дунё бахусус, бо кишварҳои ҳамсоя мебошад, зеро чунин муносибат ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот ба ҳисоб меравад.

Дар зимн халқи ду кишвари ҳамҷавор – Тоҷикистону Қирғизистон садсолаҳо дар паҳлуи ҳам истода кору зиндагӣ карда омадаанд ва таърих ёд надорад, ки мо бо қирғизҳо ягон мушкиле дошта бошем. Аммо солҳои охир, ки Қирғизистон бо дахолати даватҳои беруна ба буҳронҳои амиқи сиёсиву “демократикунонӣ” ғутидааст, дар сарҳад бо Тоҷикистон якчанд сӯитафоҳумо эҷод карда истодааст. Гумон меравад, ин ҳама рафтори давлатдорони кишвари ҳамсоя ба он хотир аст, ки диққати мардумашро аз проблемаҳои дар ҷомеаашон ҷойдошта ба як сӯи дигар бурда, боз аз як инқилоби рангаи дигар, ки дар Қирғизистон ба қавле “муд” шудааст, пешгирӣ кунанд.

Халқи тоҷик халқи сулҳпарвару сулҳхоҳ аст. Тамоми халқиятҳои дунё моро ҳамчун миллати Ваҳдатхоҳу сулҳҷӯ мешиносанду эътироф мекунанд. Дар чунин маврид мо ин маҳбубиятеро, ки миёни давлатҳои дунё сазовор гардидаем ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳем дод. Аммо дар зимн ҷониби дигар ҳам набояд аз ин некандешии мо сӯистифода намуда, бо иғво ангехтан миёни мардум аҳдшиканона ба сарҳади мо дахолат кунад.

Умедворам, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз роҳҳои мусолиҳатомез барои рафъи ин вазъ ба мувофиқа мерасанд ва ҳамеша чароғи Ваҳдату ягонагиро фурӯзон нигоҳ медорему дӯстии ҳамдигарро мустаҳкамтар месозем.

Фирӯзи Саидмӯъмин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg