БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТРО ДАСТГИРӢ КАРДАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиксодиротбонк»- и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   мулоқот доир намуданд.

Масъулин зимнан  атрофи Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дасти ниёзмандонро  гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кӯшиш намоянд.

Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб Аксияи таблиғотии ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”   баргузор гардида,  ба як нафар шахси ниёзманд Сафаров Зокиршоҳ кӯмак молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg