БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МО БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТУ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН АСТ!

ЛЕВАКАНТ.  Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Нуриҳои Осиё»-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакнт Ватанзода Сайҷаъфар иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат воқеан равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба  нерӯи бузургу арзандаву ободкорона  раҳнамун  месозад.

Инчунин, мавсуф дар бораи ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ дар байни аҳолӣ ҳарф зада, бо овардани мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид дод, ки ба иштирокчиён руҳияи баланди маънавӣ бахшид.

Ҳамзамон, дар кисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем»! бахшида ба  30-солагии Истиқлролияти давлатӣ бинои баландошёнаи истиқоматии  кӯчаи марказии шаҳр  таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg