БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБЁРӢ АМАЛИ НЕК АСТ!

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва саҳми намоёни ташкилоти ибтидоии “Зайрмайдон”-и деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” тавассути ҳашари дастаҷамъона ба масофаи ду километр тавассути дастгоҳи  обкашӣ барои сокинони маҳалла об бароварда шуд.

Иштирокдорони корҳои ободонӣ тайи ду ҳафта ба ҳашар баромада,  қубурҳои обгузарро таёр намуданд. Дар ин рeз пеш аз ҳама шодии модаронро ҳадду канор набуд, зеро обро бештар дар оила модарон истифода мебаранд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи  ноҳиявииҳизб  иқдоми навбатии аъзои ташкилоти мазкурро шоистаи таҳсин хонда, туҳфаи сазовор ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Пас аз анҷом  корҳои созандагӣ  вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  масъалаҳои ҳаётан  мавриди доир карда шуда,   мавзӯъҳои болозикр  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg