БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУШЁРИИ СИЁСИРО АЗ НАДОДА, БАРОИ ТАЪМИНИ БОЭЪТИМОДИ СУЛҲУ СУБОТ НЕРӮИ ХУДРО РАВОНА СОЗЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Гултеппа» доир ба хатарҳои терроризм ва экстремиз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер изҳор намуд, ки ҳамагуна хатарҳое, ки барои пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид мекунанд, бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шавад, зеро Истиқлолият дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Пушида нест, ки имрӯзҳо минтақаҳои гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва зидиятҳои байни миллатҳо фаро гирифта истодааст, ки албатта метавонанд дар самти зуҳуротҳои ҷинояткории муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм заминаҳои бештар фароҳам созад.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти худро беш аз пеш барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як нафар шахси эҳтиёҷманд аз деҳаи Гултеппа аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ба таври ройгон ба табобат фаро гирифта шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg