БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ ХУБ БА РОҲ МОНДА ШУДААНД!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти  ибтидоии «Кӯмаки аввалияи тиббӣ»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабова Гулсунбӣ атрофи баланд бардоштани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муоширати хуб бо мизоҷон, истифодаи дуруст аз таҷҳизотҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки вақтҳои охир бештар ба чашм мерасад  ва сафарбар кардани соҳибкорону саховатмандон  ва дигар фаъолон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз қабили роҳсозӣ, обкашонӣ, таъмири мактаб ва кӯмак ба ниёзмандон  суханронӣ карданд.

Ҳамзамон, дар идома  моҳияти Қарори  раиси  вилояти Хатлон “Дар бораи  чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ба дарки ҳамагон расонида шуда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани  қарори мазкур  раҳнамоӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg