БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИДОНЕД, КИ ТААССУБУ ХУРОФОТ МОНЕАИ РУШДИ ҶОМЕА МЕГАРДАД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Вохўрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Зафар»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ баргузор гардид.

       Дар он Ғафуров Сайдамир иштирок карда, зимни суханронӣ оид ба яке самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб – таассубу хурофот андешаронӣ инамуда, қайд кард, ки дар ҳамаи  давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооримиҳову гирифториҳо таасссуби динӣ мебошад. Бинобар ин оид ба пешгирӣ  аз таассубу хурофоти динӣ аҳли ҷомеаро зарур аст, ки мафкураи ҷавононро аз олудашавӣ бо ин падидаи номатлуб ҳифз намоянд. Ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани фарҳанги тозаи ниёгонамон тарбия намоянд.

        Дар хотима бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии Зафар – Пиров Саъдулло барои таъмири  муассисаи таълимии №1 масолеҳои рангу бор дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg