БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ ҲИЗБИЁН МАЪЛУМОТИ ЗАРУРӢ ГИРИФТАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сароб”-и Ҷамоати деҳоти  Ориёни ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Масъулин дар бораи пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, бурдани корҳои тарғиботӣ  миёни ҷавонон ва наврасон, пешгирии  зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки имрӯз яке аз масъалаи доғи рӯз ва хатарнок дар ҷомеа ба шумор меравад, андешаронӣ карда, иштирокдорон барои аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, назорати ҷиддии волидайн  нисбати ҷавонону наврасон ҳидоят карданд. 

Аз маҷлиси доиргардида сокинон ба худ маълумоти амиқу дақиқ бардошта, чанде аз онҳо  пешниҳод намуданд, ки чунин суҳбату вохӯриҳои судманд бештар гузаронида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg