БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО АМАЛҲОИ СОЗАНДА ТАҲТИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ РОҲБАРИ ДАВЛАТАМОН ВАТАНАМОНРО БОЗ ҲАМ ОБОДТАР МЕСОЗЕМ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Даштиҷум оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар маҷлис  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Асақолов Алиҷон иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни суҳбат атрофи нуктаҳои Паёми навбатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти созандагиву бунёдкорӣ  ва дигар  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки  иҷрои саривақтии  самтҳои асосии Паёми солона қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад ва моро лозим аст  ҷавобан ба ғамхориҳои  Пешвои миллат  бештар ба корҳои ободонӣ рӯ биёрему Ватанамонро аз ин дида боз ҳам ободтар созем.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар баробари таъмири ҷории муассисаи таълимии №18-и деҳа дар рангу бор намудани симои берунии муассиса сокинон саҳми хешро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg