БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚТИДОРИ БУЗУРГИ ИҚТИСОДИЮ ИСТЕҲСОЛӢ ОМИЛИ БЕҲТАР ГАРДИДАНИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи иқдоми навбатии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Аргоинвестбонк” бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Каримзода Пирмуҳаммад атрофи мавзӯҳои муҳим, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, кор ва фаъолият намудани занон дар соҳаи бонкдорӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани  хизматрасониҳои бонкӣ, эҳтиром ба пули миллӣ, ҷалби мизоҷон ба бонкҳо, танзим намудани қурби асъор, ва дигар масъалаҳои бонкӣ суханронӣ намуда, дар охир кормандони соҳаи бонкро барои хизмати софдилона ба халқуВатанро ҳидоят кард.

Инчунин, мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  мавриди баррасӣ  қарор дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg