БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДОНИИ МАКТАБИ ХЕШ САҲМГУЗОРЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ташкилоти ибтидоии «Сипарони Ватан»   ҷиҳати дар амал татбиқ гардонидани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар  таъмир ва рангу бори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №29-и ноҳия  саҳми арзандаи худро гузошт. Бояд  ёдоваршуд, ки  шароити хуби таҳсил ва таъмиру бозсозии мактаб ин замина барои ояндаи неки фарзандони ҳар яки мост. Дар ин росто на танҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сипарони Ватан», балки бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат, ки худро соҳибватан  мешуморад бояд дар рушду нумуи ин сарзамини  аҷдодӣ саҳми арзандаи хешро гузорад. Зеро  ободии  Ватан  ин ободии хонадони ҳар яки мост, иброз доштанд, зимни суханронӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.

Инчунин, дар охир моҳияти  Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”-ро ба ҳамагон фаҳмонида,  аз ҳар яки он ҷиҳати татбиқи босамари  масъалаи мазкур даъват ба амал оварда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg