БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН ДАСТГИРӢ ЁФТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Файзи  Истиқлол” – и Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  вохӯрӣ доир карда шуд.

Масъулин зимни андешаронӣ дар бораи сиёсати бобарори Роҳбари давлат, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки дар он самтҳои  ҳаётан муҳими ҷомеа инъикос  ёфтаанд, ҳарф зада, ҳамагонро барои расидан ба қадру манзалати хизматҳои шоёни  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват карданд.

Инчунин, дар қисмати амалии чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардида, барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 – и ноҳия як миқдор масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg