БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКОН ПАЙВАСТА ДӮСТИРО ҶУСТУҶУ ДОШТА, БАР ЛАБ ҲАМЕША АЗ АМОНӢ ГУФТУГӮ МЕКУНАНД!

ВОКУНИШ. Ҳар миллатеро ба худ хислати хоси мардумӣ аст. Мо тоҷикон миллати меҳмондӯсту меҳмоннавоз, некхоҳу накӯкор, созандаву бунёдкор ва сулҳхоҳу ободкор ҳастем.

Дар масири таърихи пурҳаводису даҳшатбори болои сари миллатамон таҳмилшуда аз ин хислатҳои ҳамидаи худ фаровон истифода карда, бо сабру таҳаммул ва накӯиву инсондӯстии худ онҳоро паси сар намудаем.

Таърихи тоҷикон собит мекунад, ки мо мардумон ба сари ҳеҷ миллате аз рӯи хусумату бадбини ва ғуруру такаббур теғу шамшер набардоштаем. Дар ҳар лаҳзае мо барои ҳамсоягони худ накӯи кардаем ва дар ин роҳи худ пайваста устуворем. Мисоли равшанӣ ин гуфтаҳо ҷаҳду талоши созандаи Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои суботу оромӣ ва рӯй овардани миллати ҷафокашидаи афғон ба созандагиву бунёдкории ҳамсоякишварамон Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ аст, ки ҷойи тавзеҳи аз ин зиёдро талаб намекунад. Дар ин самт зарбулмасали хубе ҳаст, ки “Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест!”.

Ҳамчун яке аз ворисони ин миллати сарбаланд ва номдор дар масири таърихи башарият аз он, ки тайи чанд вақт аст бо сабабҳои гуногун дар қаламрави ду ҳамсоякишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи марзӣ бо сокинон рӯх додааст, таассуф мехӯрам. Наход дар байни ин ду миллат, ки садҳосол бо ҳам ҳамсояи қарин, дӯст ва хешу табори наздик гаштаанд чунин нофаҳмиҳо ҷой дошта бошад чунин амал рӯх диҳад.

Аз васоити ахбори оммаи расмӣ огоҳ шудам, ки “22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух Парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд”. Ба ин пайкори созанда шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро ҳудуди кишвари моро кофта, лавҳаи «Оқсой» ва парчами Қирғизистонро насб карданд. Ин амали шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом дода шуд, ки сокинони Ворухи ноҳияи Исфара ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омадааст.

Дар ин миён сокинон сангпартоӣ кардаанд ва аз силоҳ низ истифода шудааст. Ин амал дар се шабонарӯз ду маротиба рӯзҳои 22-23 июл рух додааст, ки боиси ташвиш аст. Дар натиҷа талафоти ҷонӣ ва ҳам зарари зиёди ҷисмонӣ низ дар байни тоҷикону қирғизҳо ба қайд гирифта шудааст.

Амали бисёр бад, ки дар ин миён ба қайд гирифта мешавад ин аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ғайриқонунӣ баста шудани роҳи «Исфара-Ворух» мебошад. Аз хурд то бузург медонад, ки хати сарҳади байни кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр мебошад, ки то кунун 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаи марзӣ, ки чунин муноқишаи иғвоангезонаро пайваста ташкил менамоянд комиссияҳои ҳукуматии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранду вазъро назорату омухта истодаанд.

Месазад қайд намоям, ки дар ин миён ҳастанд доираҳои манфиатҷӯе, ки аз фурсати рухдода истифода карда, ба имиҷи сиёсии ин ду кишвари ба ҳам дӯст латма ворид карданияд. Дар миён месазад, ки сокинони ҳарду кишвари ба ҳам дӯст аз таҳаммул, хиради баланди сиёсӣ ва ҳушёриву зиракӣ истифода баранду вазъро ҳаллу фасл намоянд. Чандин бор шоҳиди онем, ки ҷониби Тоҷикистон аз моқомотҳои кишвари дӯсти Қирғизистон талаб намуда буданд, ки ҷиддан ин вазъро омӯхта барои бардавом мондани робитаи дӯстонаи миллатҳоямон ба мисли ҷониби тоҷикон фаъолона талош намоянд, вале ин вазъ то куҷо баррасӣ шудааст, номаълум!

Ҷиддан бояд таъкид кард, ки нооромӣ дар байни ин ду кишвар метавонад ба нооромии минтақа табдил ёбад ва ин вазъ метавонад ба амнияти ҷаҳон таъсир расонад.

Дар охир гуфтаниям, ки ин ҳодиса маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсояву дӯст, ки дар назар аст дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон баргузор гардад рух додааст ва ин ҳодиса шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст зада истодаанд.

Аз тамоми сокинони наздимарзии Воруху Оқсой даъват ба амал оварданиям, ки барои мо барин миллатҳои дорои таъриху фарҳанги баланд анҷом додани чунин амали нангин зебанда нест! Як қазоват кунед, ки ба чи коре даст зада истодаед- дусти худро ба худ душман карданиед? Медонед, манфиатҳои дигаронро амали ва ниятҳои ғаразнок дар ин миён пиёда шуда истодаанд, ки на ба манфиати тоҷикон ва на ба манфиати қирғизҳост!!!

Биёед, даст ба дасти ҳам дода бори дигар аз ҳамсояи накукор ва дустони қарин буданамон ба ҷаҳониён мужда диҳем, то доираҳои иғвогар аз ин нақшаи нокомашон мисли хокистар бо таъсири бод аз замин руфта шаванд!

Биёд дустиву амониро пешаи кору пайкор карда тинҷу ором ва хушбахту сарфароз зиндаги намоем!

 

Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ- Котиби масъули нашрияи “Ҳамрози халқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Кӯшониён.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg