БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР АРЗҲОИ ДУСТӢ

ИЗҲОРОТ. Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад: “Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур”. Ҳақиқати ин гуфтаҳо дар тӯли таърих дар мисоли Тоҷикистону Қирғизистон исбот шудааст. Тавре маълум аст, баъди пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омадани соҳибистиқлолӣ чанд муддат аст, ки баъзан муносибатҳо миёни ду кишвари дӯсту ҳамсояи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон, бинобар сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ва бо дахолати баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ дар хати марз ташвишовар гардида, дар натиҷа муносибатҳо байни мардуми бо ҳам бародар сард гардида истодаанд.

Аммо, тавре мегӯянд “Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамзистии осоишта ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеш гирифта, кӯшиш менамояд дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои баҳсталаб, ба шумули масъалаҳои сарҳад, аз ҳама гуна зӯрӣ ва фишор худдорӣ намуда, ба мусолимати сиёсӣ ва гуфтушунидҳо афзалият диҳад.

Миллати тоҷик бо миллати қирғиз аз замонҳои қадим муносибатҳои хуби дӯстӣ, ҳамзистӣ, ҳамсоягӣ ва ҳатто хешу таборӣ низ доранд. Ин муносибатҳо дар тӯли таърих рушду нумӯъ ёфта, дар бахшҳои иқтисодиёт, фарҳанг, тандурӯстӣ, адабиёт ва умуман тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта истодаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар замони муосир, ки вазъи сиёсии олам тағйирёбанда аст ва минтақаи мо осебпазир арзёбӣ мешавад, раванди ҷаҳонишавӣ ба рӯзгори ин ду халқ таъсиргузор аст, ҳамдигарфаҳмӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад. Боис ба он мешавад, ки ин кишварҳои дӯст мавқеи хешро дар арсаи ҷаҳон устувор карда, ҷодаи рушду инкишофи босуръатро дарёбанд ва дар ин самт мададгору ёвари якдигар бошанд. Дар мубориза бар зидди таҳдиду равандҳои замони муосир, хусусан терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир, ки омили асосии мабалағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд, хамкории муштаракро тақвият бахшанд.

Гузашта аз ин дар замоне, ки хавфи густариши омилҳои номатлуб зиёд гардида истодааст, минтақа ба мавқеи бархурди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, густариши дӯстӣ барои мо Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳаётан муҳим мебошад.

Ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон ва умуман дигар кишварҳои ҳамсоя имкон медиҳад, ки халқҳои тоҷику қирғиз таъсири идеологияи бегонаро ба худ суст карда, ғояи миллии хешро инкишоф диҳанд, мафкураи насли ҷавонро аз таъсири унсурҳои бегона ва андешаи бегонапарастӣ ҳимоя созанд, ба ҷои он дӯстиву рафоқат, ахлоқи ҳамида, одаму одамгариро тарғиб намоянд.

Дар ин раванд бояд қайд кард, ки дӯстии тоҷикону қирғизҳо имкон фароҳам меорад, ки дурӯғу дассисаҳои гурӯҳҳои ифротгароӣ бо ном «Давлати исломӣ», «Толибон», хоинони милати тоҷику қирғиз дар берун аз кишварҳо ва ғайра фош карда шуда, ҳадафҳои ғаразноки онҳо ба насли ҷавон фаҳмонда шаванд.

Ҷанг ва бесарусомониҳо дар ҳеҷ давру замон ба касе ва гурӯҳе фоидаовар набуд ва нест. Қисми бештари кишварҳои Сурия ва Ироқ замоне, ҳамчун давлатҳои қудратманди минтақавӣ буданд, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишии мардум ба ҳадде хуб буд, ки имрӯз аз он шаҳрҳои беназир чизе боқӣ намондаву вазъи некӯаҳволии мардум зери савол қарор дорад.

Кутоҳандешии як гурӯҳ мардум ва фурӯхта шудани як қисми номуайни сокинон билохира бар сари миллионҳо нафар сокинони бегуноҳ чунин дарду машақатро бор кард ва ҳазорон нафари дигарро қурбон намуд.

Вақте, ки фаъолияти серҷабҳаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба риштаи таҳлил мекашем, равшан мегардад, ки ӯ чун сиёсатмадори дурандеш, солимфикр ва хирадпеша нигоҳи васеъу фарох ба таърихи гузаштаи ҳамсоягӣ андӯхта, беҳтарин таҷрибаро дар фаъолияти сиёсиаш корбаст мекунад. Ба ин васила аз таърихи миллии сиёсатмадорӣ, ки аз оғози таърих то ба имрӯз ҳосил шуда, дар хеш таҷрибаҳои нодирро маҳфуз медорад, истифода мебарад.

Аз як сӯ сиёсати берунии имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламонро ба сатҳи зарурӣ мебарорад ва аз тарафи дигар ба ҷаҳониён собит месозад, ки аз қадим то имрӯз халқи тоҷик дар сиёсат ва давлатдорӣ устувор мебошад ва ба ҳамсоягони худ муносибатҳои дӯстона ва сулҳомезро роҳандозӣ менамояд.

Бинобар ин, мо вазъи баамаломадаро дар марз бо Қирғизистон маҳкум менамоем ва ҳамчун пайравони Пешвои муаззами миллатамон аз бародарони қирғизи худ даъват ба амал меорем, ки баҳри ба эътидол овардани вазъ ва ҳалли ихтилоф иштирок намоянд, ба дассисаву иғвоҳои баъзе ашхос бовар накунанд, дар мустаҳкам намудани дӯстиву бародарӣ камари ҳиммат банданд ва ҷиҳати аз байн бардоштани ҳамагуна монеаҳо, ки боиси сард гардидани муносибатҳо байни тоҷикону қирғизҳо мегарданд, худдорӣ намоянд.

 

 

Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg