БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОТАШРО ПЕШ АЗ АЛАНГА ГИРИФТАН БОЯД ХОМӮШ СОХТ!

ИЗҲОРОТ. На фақат сокинони вилояти Хатлон, фикр мекунам, ки тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз воқеаеро, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд ва боиси ба вуҷуд омадани муноқиша, захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон ва марги як тан гардид, шадидан маҳкум менамояд.

Тоҷикону қирғизҳо аз азал дар ин манотиқ дар асоси риояи принсипҳои ҳамзистии осоишта, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ басар бурда, намунаи олии инсондӯстӣ нишон додаанд. Аммо мутаасифона як гурӯҳ ашхосе ёфт мешаванд, ки ин ҳамаро ба хотири пиёда сохтани ҳадаф ва манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ба ҳам мезананд ва боиси ба вуҷуд омадани иғвою дасиса ва бадтар аз ҳама захмию фавти инсонҳо мегарданд.

Мутаасифона ин ҳодиса барои баъзе ашхос ё доираи шахсон баъзан як воқеаи маъмулӣ танҳо ба хотири пиёда сохтани манфиатҳои шахсию гуруҳӣ бошад, барои миллати тоҷику қирғиз амали нангин, ғайриқобили қабул ва ба вуҷудоврандаи кинаву адоват ба ҳисоб меравад, ки оқибати хуб надорад. Бахусус, ин амали ғайриқонунӣ, ноҷавонмардона ва ғайриинсонӣ боиси сард гардидани муносибати халқҳо гардида, равобити инсонҳоро сард мегардонад, ки ба манфиати ҳеҷ ҷонибе нахоҳад буд.

Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти чумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ сиёсати дарҳои боз ва эҳтироми ҳамдигариро дар асоси принсипҳои умуми эътирофнамудаи байналмилалӣ дар муносибат ба ҳамаи кишварҳо, бахусус ҷамоҳири ҳамсарҳад ба роҳ монда, ҳамеша ҷонибдорӣ ҳалли мусолиҳаомезӣ баҳсҳо мебошад.

Аммо тавре ба назар мерасад, бархе доираи шахсон ё гуруҳҳо ин ҳолатро ё суистифода менамоянд ё нишонаи заъф дониста, бархилофи муқаррароти байналмилалӣ ва тавофуқи бавуқуъомада амал менамоянд. Аммо ҳеҷ дарк мекарда бошанд, ки ин амалашон, яъне бар хилофи созиш ва маслиҳати тарафҳо амал кардан, баръакс заъфи мақомоти марказии ҷониби Қирғизистонро нишон медиҳад, ки кадом як роҳбари шӯрои маҳалла аз он итоат намекунад. Чунин ба назар мерасад, ки барои онҳо на мақомоти болоии марказӣ вуҷуд дораду на ҳокимият. Ба қавле худашон ҳокими мутлақанду деҳаашон як ҳудуди мустаъқили мухтор. Аз ин рӯ, агар дар Қиғизистон ҳокимият вуҷуд дораду ҷониби қирғиз дар аҳду паймон устуворанд, бояд ҷилави ин гуна ашхоси манфиатҷӯ, гирифта шавад ва у барои барангехтани кинаву адоват ва иғвою дасиса, ки боиси барҳам задани равобити муътадили ду кишвар, марги инсонҳо, баъзан худсарии мақомоти давлатии сарҳадбонӣ ва задухурди гурӯҳӣ мегардад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Вагарна идома ёфтани ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани муноқишаҳои дигар, мегардад, ки такроран мегуям, ягон ҷониб манфиат наҳоҳад бардошт. Баръакс дар ин гуна ҳодисаҳо аз эҳтимол дур нест, ки дасти сеюм пайдо шаваду вазъияти осоиштаро дар ин минтақа ба ҳам занад.

Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бароям он чизе, ки ба Ватанам, сарҳад ва миллатам дахл дорад бе аҳамият буда наметавонад, аз ин рӯ бо қатъият тақозо менамоям, ки мақомоти расмии Қирғизистон сари ин масъала бештар андеша ва корбарӣ намуда, ҳама гуна ҳолати ғайриқонунӣ дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Салим Раҳимбоев,

нафақахур аз вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg