БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАӼДАТУ ДӮСТӢ - АСОСИ БУНЁДКОРИҲОСТ

АНДЕША. Инсоният дар шароите ба асри 21 ворид гардид, ки дунё ба таӽавуллоти азим дучор шуда, сиёсати ҷаӽонӣ куллан дигаргун гашт. Набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфт ва ба таӽдиду хатарӽои наве рȳ ба рȳ омад, ки муносибати комилан навро дар мубориза алайӽи ин гуна хатарӽо тақозо менамояд. Бояд гуфт, ки Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат баробари ба сари ӽокимият омаданашон сиёсатро ба даст гирифта, халқи тоҷикро аз вартаи ноумедӣ наҷот бахшид. Ба роӽи бунёдкориву азнавсозӣ бар хоки Ватан софдилона гом ниӽод. Сарзаминеро, ки хоинон сели хунро ҷорӣ карда буданд,  сарзаминеро, ки хокаш аз гиряӽои модарон нам гирифта буд, аз дасти хоинони миллат баркашида ба гулзор табдил доданд.

Сарвари давлат дар роӽи ӽалли проблемаӽо аз хатарӽои ҷаӽони муосир сар карда, то ба  терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, истифодаи ғайримақсадноки шабакаӽои интернетӣ, ғасби фазои фарӽангӣ аз ҷониби  фарӽанги бегонаю  исломӣ ғайри суннатӣ, ҷалби ҷавонон ба ӽизбу ӽаракатӽои  ғайриқонунӣ муборизаи беамон бурда, барои бо мувозинат тоб хӯрдани чархи сиёсат чораҳои саривақти ва зарурӣ андешиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раӽмон дар сиёсати байналмиллалӣ бо як силсила ташаббусӽо баромад намуд, ки ба муӽимтарин мушкилоти курраи замин бахшида шудааст. Хусусан пешниӽодӽои ҷаӽонии Пешвои миллат дар соӽаи об фарогир буда, понздаӽ соли охир дар сиёсати умумиҷаӽонӣ аз нуктаӽои муӽим ба шумор меравад. Ин аст ,ки имрȳз Тоҷикистонро ҳамаи давлати дунё ӽамчун давлати соӽибистиқлол эътироф мекунанд ва 128 давлат бо мо робитаӽои дипломатӣ барқарор намудаанд. Тоҷикистон бо шарофати  сиёсати софдилона ва ваӽдатофари Эмомалӣ Раӽмон аз тарафи шарикони хориҷии мо ӽамчун кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад, яъне метавон гуфт, ки  Тоҷикистон миёни хориҷиён як кишвари калидӣ ба ӽисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат бо ана ӽамин усули давлатидоракуниаш ба мувваффақиятӽои бениӽоят зиёд ноил гашт. Пеш аз ӽама амнияти кишвар побарҷо шуд. Иншооти бузурги аср ин Нерȳгоӽи барки обии Роғун ба кор дароварда шуд, ки аз ин бевосита буҷет ва иқтисодиёти кишвар хело боло хоӽад рафт. Инчунин миллионӽо гектар заминӽои ноӽамвор  ба боғӽо мубаддал гаштанд. Бунёди боғӽои фароғатӣ, сохтмонӽои гуногуни замонавӣ , сохтани пулӽо, кушода шудани роӽӽои байни сарӽадӽо ва ғайра суръати назаррас гирифт .

Ин ҷо мехоӽам як лаӽза гузаштаро аз таърих хотирасон намоям. Баъди роӽбари давлат интихоб шудани муӽтарам  Эмомалӣ Раӽмон дар ҷомеа, вақти имтиӽони ҷиддии таърих ва ҷомеасозии Тоҷикистониён ба ӽисоб мерафт. Аз умеди нек ба фардо нисбатан яъсу  ноумедиӽо зиёдтар буданд аввалин суханронии У чунин буд: «Ман ба ӽар як хонадони тоҷик сулӽ меоварам ва то охирин гурезаро ба Тоҷикистон наоварам худро ором намеӽисобам». Оре ин марди бузург ин гуфтаӽоро бори дигар исбот намуд. Чанд моӽ пеш 84 нафар кȳдаки ноболиғи тоҷикро аз хоки давлати исломии Ироқ ба Ватан баргардонид. Мавриди тазаккур аст, ки барои ба даст овардани ӽамаи ин муввафақиятӽо ӽизбиён низ саӽми беандоза дорад. Раиси муаззами Ӽизби халқии демократии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон  ба қувваи созандаи ӽизбиён эътимоди калон дорад. Зеро ӽизб ягона сохторест, ки бо шуур, зеӽн ва идеологияи мардум сару кор мегирад. Айни муддаост, ки ин ҷо мисол биёрам Сарвари давлат дар оғуши ӽизб паӽлȳи дигари ватандориро ба ҷавонон вогȳзор кардааст. Ман ӽамчун ҷавоне, ки ӽамқадами истиқлолам ва ӽамчун намояндаи ӼХДТ дастгириӽои пайвастаи Пешвои миллатро дида истодам ва аз сидқ изӽори ташаккур низ мекунам.

Дар хулоса гуфтан мехоӽам, ки мо, ҷавонон дар паӽлȳи Сарвари давлат истода дар масири давлатсозӣ корӽои  арзишмандеро анҷом диӽем то оянда аз худ ёдгоре нек боқи гузорем.

Шаӽноза Раҷабова,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg