БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ, КИ МИЛЛАТИ ТОҶИК БА ГУЗАШТАИ ПУРИФТИХОРИ ХУД АРҶ МЕГУЗОРАД!

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму оини неки гузаштагони худро эҳтиром намуда, мекӯшад то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Баъди ба як низоми орому осуда ва босубот даромадани ҳаёти кишвар кулли мардуми Тоҷикистон имкон ёфт, ки расму оин ва маросимҳоро бо тарзи худ хос таҷлил намуда, ба онҳо арҷгузорӣ кунанд.

Вобаста ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ мардуми кишвар имкон пайдо намуданд, ки тую маърака ва ҷашну маросимҳои худро бо шукуҳу шаҳомат гузаронанд. Фарҳангу тамаддуни ҳар як миллат ва халқият дар раванди рушдёби ба омезишҳои фарҳанги дигар миллатҳо рӯ ба рӯ мешавад. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, сарбориҳои зиёдеро ба сари мардуми оддӣ бор намуданд. Ин раванд то давраи қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон” миллати моро зери бори гарони одатҳои мухталиф монда, шаҳрвандонро ба баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхароҷот водор менамуд. Танҳо ба хотири худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло гузоштан баъзе аз шаҳрвандон тую маъракаҳои худро бо исрофкорӣ ва харҷи зиёди пулию моли баргузор менамуданд. Аз ин сабаб баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон таҳия гардид. Дар баррасии он мардум тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизионӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар фазои озод шаҳрвандон бо таклифу пешниҳод ва андешаҳои мустақили худ барои такмили лоиҳаи қонун саҳми босазо гузоштанд. Чунин фаъол будани мардум дар раванди қабули қонун намунаи равшани дастоварди демократии Тоҷикистон буд, ки воридшавии бевоситаи иродаи мардумро ба мазмуни қонунгузории кишвар собит намуд. Қонуни мазкур дар раванди қонунэҷодкунии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои хориҷи наздику дур таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии қонуни мазкур таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдори милли мебошад. Қонуни мазкур ҷашну маъракаҳо расму оинҳоро дар кишвар ба низом дароварда барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро мушахасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории милливу мардумӣ роҳ кушод.

Амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун нахустин қонуни миллии кишвар дар тамоми давраи амалишавии он тадриҷан ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат намуда, дар таъмини шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ таъмини барномаи паст кардани сатҳи камбизоати таъсири мусбат гузоштааст, баъд аз қабули қонуни мазкур тадриҷан зиёд гардонидани саршумори чорвои аҳолӣ ба қайд гирифта шуд. Исботи гуфтаҳоро дар мисоли таҳлили фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти ба С. Турдиев овардан мумкин аст.

Дар 8 моҳи соли 2018 дар ҳудуди Ҷамоат шаҳрвандон барои баргузории 129 маърака 4 сар чорвои калон 25 сар чорвои хурд забҳ намуданд. То давраи қабули қонун бошад, шаҳрвандон барои баргузор намудани 129 маърака беш аз 86 сар чорвои калон ва зиёда 43 сар хурдро забҳ мекарданд. Ҳамин тариқ шаҳрвандон дар 8 моҳи соли 2018 нисбат ба давраи то қабули қонуни мазкур 82 сар чорвои калон ва 18 сар чорвои хурд камтар забҳ намуданд.

Таҳлилҳои комиссияи доимӣ нишон медиҳанд, ки камшавии хароҷот барои баргузории маъракаҳо дар тамоми давраи амали қонун ба назар мерасад. Тибқи маълумотҳои омори то қабули қонуни мазкур шаҳрвандон барои баргузор намудани як маърака ба ҳисоби миёна 5000 сомонӣ, сарф мекарданд. Ин нишондиҳанда дар соли 2017-1310 сомони, дар соли 2018-1295 сомони ва дар 8 моҳи соли 2019 бошад 1080 сомониро ташкил додааст. Агар то давраи қабули қонун барои баргузории 129 маърака 602430 сомонӣ зарур буд, пас барои баргузории ҳамин миқдор маъракаҳо дар 6 моҳи соли 2019, 162567 сомонӣ хароҷот шудааст, ки зиёда аз 434600 сомонӣ маблағҳо ба манфиати шаҳрвандони Ҷамоат сарфа гардиданд.Агар лаҳзаи қабули қонун маҷмуи сарфаву сариштакориро дар ҳамаи маъракаҳои мардуми таҳлил намоем, пас маълум мешавад, ки дар баргузории бештар 800 маърака 2 миллиону 710 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардидааст.

Қонуни мазкур дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқа ба шаҳрвандони имкон фароҳам овард, ки маъракаҳои худро бидуни эҳсоси мушкилот баргузор намоянд. Қарзгирӣ ба хотири оростани маъракаҳои боадабона аз байн рафтааст. Сабуку соддатар шудани баргузории маъракаҳо ба зиёд гардидани шумораи баргузории маъракаҳо боис гардид. Барои мисол дар давоми соли 2018 шаҳрвандони Ҷамоат 253 адад маъракаҳои гуногунро барпо намуданд, ки ин нисбат ба соли 2017, 77  маърака зиёд мебошад. Агар дар  давраи то қабули қонун шаҳрвандон ба ҳисоби миёна дар 3 - 4 сол як маъракаи хурсанди барпо мекарданд, пас дар солҳои 2017-2018  қисме аз хонаводаҳои ҳудуди Ҷамоат дар давоми 2 сол 3 ва 4 маъракаҳои хурсандӣ барпо  намуданд. Аз он ҷумла дар деҳаи Сомониён дар давоми солҳои 2017 – 2018, 11 хонавода 3 маротибагӣ 4 хонавода 4 маротибагӣ  туйҳои домодиву арусӣ барпо намуданд.

Амалишавии қонуни мазкур ба афзоиши қайди никоҳ дар мақомоти давлатӣ мусоидат намуд. Агар дар давоми се моҳи соли 2017 то давраи қабули қонун шумораи гузаштагон аз қайди никоҳи давлатӣ 14 оилаи ҷавононро ташкил карда бошад, пас дар давоми се моҳи соли 2018 баъди қабули қонун ин шумора ба 46 оила расид. Омили асосии ин афзоиш фароҳам омадани шароити мусоиди баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва ҳамкории дурусти аъзоёни комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди мебошад

Қонуни мазкур хайру саховати мардумро ба роҳи дуруст ва аслии ислом ворид намуда, дар дастгирии фонди хайриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии оилаҳои камбизоат саҳми  босазо гузошт. Бо дастгирии мардони  саховатпеша маъракаҳои зиёди хайриявии туйҳои домодиву аруси ва хатнасури кудакони камбизоат баргузор карда шуданд. Ҳамасола аз тарафи соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша дар арафаи идҳо кумак расонидан ба оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.

 Шарифов  Одинаҳмад,  узви Гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 

 

                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg