БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАД

АНДЕША. Дар раванди ҷаҳонишавӣ (аксаран зери ниқоби ҷаҳонишавӣ ворид шудан ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва баҳраёбӣ аз арзишҳои умумибашариро мефаҳманд) масъалаи манфиати миллӣ (давлатӣ) дар маркази диққати ин ё он кишвари дунё қарор дорад. Зеро ки ягон давлат, ягон гурӯҳ ва ягон шахс дар ҳаёт бе манфиат буда наметавонад ва дар ҳама ҳолатҳо аз манфиатҳои хеш пайгирӣ менамояд.

Дар натиҷаи бисёрқутба шудани ҷаҳон давлатҳо бештар диққати худро ба ин масъала равона намудаанд, бахусус, давлатҳои бузург фаъолияти бештар доранд. Масъалаҳои муҳиме, ки солҳои охир давлатҳо бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ин масъалаҳои геополитикӣ ва фарҳанги миллӣ мебошанд.

Дар ҳама давру замон давлатҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки манфиатҳои миллияшонро ҳимоя намоянд ва инро ба наслҳои оянда низ биомӯзанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ба ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва хоҳад дод.

Ин кишвари ободу шукуфоро зарур аст, ки барои бозҳам беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, бояд ба истеҳсолот бештар такя кунад, чунки аксарияти кишварҳои пешрафтаи дунё аз иқтисодиёт ба сатҳи баланди зиндагии мардумашон мувофиқат шудаанд.

Дигар проблемае, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи фарҳанг мебошад, ки таваҷуҳи олимону сиёсатмадоронро ба худ кашидааст.

Имрӯзҳо бештари мамлакатҳои манфиатҷӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарҳанг ва забонашонро бо ҳар роҳ дар ин ё он мамлакати дунё паҳн кунанд. Ногуфта намонад, ки оид ба ин масъалаи муҳими миллӣ Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадаш қайд мекунад, ки мо бояд фарҳангу забон ва урфу одати тоҷиконаро пос дорем ва ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем.

Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони мо низ таъсири калони манфӣ мерасонад. Бинобар ин, поку беолоиш нигох доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ин сарзамин ва ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии тамаддуни иттилоот бояд чораҳо андешид, то рузноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва ракобатпазир бошад.

Барои нигоҳ доштани фарҳанг аз бегонашавӣ мақом ва нақши иттилоот, ВАО ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар раванди ҷахонишавӣ бештари мамлакатҳо барои паҳн кардани идеологияи худ дар ин ё он манотиқ аз ВАО бештар истифода менамоянд.

Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, васоити ахбори умум нақши бузург мебозанд. Ин бешубҳа омили мусбии суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад.

Дар ҷаҳони имрӯза ҷомеаро тавассути иттилоот идора мекунанд ва иттилоот бошад, сад дар сад характери мусбӣ надорад.

Имрӯзҳо фарҳанги мардуми мо ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ заминаи ноустувор фароҳам меоранд.

Аслан мо ҷаҳонишавиро куллан манфӣ гуфта наметавонем, чунки дар баробари ҷанбаҳои манфияш ҷанбаҳои мусбиро низ дар худ дорост. Аз як тараф мо нигоҳ кунем, ҷаҳонишавӣ барои инкишоф додани манфиатҳои миллӣ бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеа инкишоф меёбад ва сатҳи шуурнокию ҷаҳонбинии мардум васеъ гардида, он аз технологияи муосир ва таҷрибаҳои давлатҳои рушдкарда воқиф мегардад. Танҳо ҳаминро қайд карданиям, ки дар аснои ҷаҳонишавӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва манфиатҳои миллии кишвари азизамонро дар ҷои аввал гузорем.

Дар баробари гуфтаҳои боло ҳаминро бояд қайд кард, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои ҳар як давлат ба масъалаи мубоаме табдил меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷуъзи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии хеш қадамҳои устувор бояд гузорад ва ба бегонашавии фарҳанги миллӣ ҳаргиз роҳ надиҳад. Тоҷикистон танҳо дар ҳолате рушд мекунад, ки мардуми он манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоранд ва дастаҷамъона дар партави сиёсати созандаи Призиденти кишвар софдилона фаъолият намояд.

Мунаввараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg