БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ БАЛАНД ШУДААСТ!

АНДЕША. Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатию-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Қобил ба тазаккур аст, ки имрӯзҳо аз дониши номукаммал ва фаҳмиши маҳдуди фарзандони мо, хусусан ҷавонон гурӯҳои ифротгаро сӯйистифода намуда, мехоҳанд ҷавонони моро ба доми фиреб гирифтор кунанд. Аз ин рӯ, иттиҳоду иттифоқӣ, дӯст доштани марзу бум ва миллати худ моро намегузорад, ки ба ниятҳои ғаразноки шахсони манфиатҷӯй роҳ диҳем. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошад.

Як нуқтаи муҳимро ишора бояд кард, ки интернет дар баробари ҷиҳатҳои мусбии худ тарафҳои манфӣ низ дошта, яке аз усулҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро ба ҳисоб меравад, аз он гурӯҳҳои экстремистӣ барои манфиати худ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Гурӯҳҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили «фейсбук», «одноклассник», «кантакт» ва амсоли инҳо бо филмҳои ҳуҷҷатии экстремистӣ, роликҳои иттилоотӣ, хабарҳо, дарсҳои видеоӣ оид ба шомил шудан ба он гурӯҳҳо, тарҷумаи беасоси ояту ҳадисҳо омода менамоянд, то ба мафкураи ҷавонон зарба зананд.

Дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари ислом низ кирдорҳои даҳшатафкан, хусумату бадбинӣ ва ҷангу ҷидол маҳкум гардидааст. Расули Худо дар ҳадисҳои худ амнияту тинҷиро яке аз неъматҳои Худованд дониста, дар яке аз ҳадисҳояш гуфтаанд:

«Ду неъмат аст, ки бисёриҳо дар ҳолати ба даст доштани онҳо ба қадрашон намерасанд: яке саломатӣ ва дигар бошад, тинҷиву амонӣ»

Шароити имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ниҳоят ҷиддӣ қабул намоем, ба хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем.

Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангин алайҳи инсоният аст.

Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Онҳо боварии мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Аз ин рӯ мо бояд ба қисмат намудани Тоҷикистони азиз хотима бахшида ба маҳалгароӣ роҳ надиҳем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болою воло бошад.

Бояд зикр намуд, ки паст гаштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, беэҳтиромӣ нисбат ба оила, аз байн рафтани қадру қиммати панду насиҳати ниёгон, паст гардидани сатҳи ватанпарварию хештаншиносии як қисмати ҷавонон боиси фирефта гаштан ва ба доми ифротгароёну ҷинояткорон афтодани онҳо мегардад.

Дар дунболи пайгирӣ аз урфу одатҳои бегона мо метавонем дар оила муносибатҳои неки инсонӣ, муҳаббати байниҳамдигарии падару модар ва волидайнро нисбат ба фарзанд ва дигар арзишҳои оилавиро аз даст диҳем. Дар ин ҳошия пешниходи Пешвои миллат оид ба пешгирӣ кардани пайравии қишри алоҳидаи ҷомеа дар тарзи пӯшидани либосҳои дигар мамолик ва бегонапарастӣ саривақтист. Миллати тоҷик сару либос ва расму оинҳои миллие дорад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шоистаи сарфарозианд. Тақлид кардан ба либосҳои бегона, бозпас гаштан ба тахаюлоти номақбул метавонад мафкураи шаҳрвандонро танг карда, ҷомеаро ба ақиб кашад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки фарзандонамонро насиҳат кунем, ҷавононро аз роҳи хато баргардонем ва ҷомеаро дар партави сиёсати Пешвои миллат ҳидоят намоем.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза мебаранд.

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои осоиштаи Ватан умед дорем, ки мардуми шарафманди кишвар баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва гиромидошти арзишҳои миллӣ талош варзида, дар пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, тундгароӣ, шомилшави ба ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки доғ ба миллату давлат аст, ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.

 

Аҳёев Саламшо- узви Гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg