БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

АНДЕША. Табиат барои рушди соҳаи Гидроэнергетика ё худ нерӯи барқ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Тоҷикистони азизи мо имконоти бузурге фароҳам овардааст.

Кишвари мо дорои захираҳои бепоёни манбъаҳои гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи бузургии ҳаҷми умумии онҳо дар ҷаҳон ҷой 8-ум ва аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1км ҳудуд) ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол менамояд. Захираҳои умумии солонаи потенсиалии энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ зиёда 527 млрд.  кВт. соат-ро ташкил медиҳад. Барои қиёс ҳоло дар ҷумҳурӣ дар як сол ҳамагӣ 17-18 млрд. КВТ. соат нерӯи барқ истеҳсол ва тавассути системаи энергетикӣ ба хоҷагии халқи мамлакат  интиқол дода мешавад.

Имсол ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 83 сол пур мешавад.

Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар рушду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунанда дорад.

Нахустин нерӯгоҳи барқи обии кишвари мо ин нерӯгоҳи Варзоби Боло ба шумор меравад, ки сохтмонаш соли 1931 дар соҳили чапи дарёи Варзоб оғоз ёфт. То ин вақт дар шаҳри Душанбе истгоҳи дизелии барқ бо иқтидори 78 кВт кор мекард, ки он баъзе кӯчаву иморатҳоро рӯшноӣ медод.

Аз ин рӯ, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ барои рушди саноати навбунёди Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.

Дар ин солҳо ба чунин иқдом даст задан кори осон набуд, аксарияти корҳо дастӣ бо белу каланду зоғнӯл иҷро мешуд. Бо вуҷуди ин мардумро як ҷӯшу хурӯш ва ғайрату матонат фаро гирифт, аввалин сулолаи энергетикҳо дар ин сохтмон ташаккул ёфт, дар ин ҷо мардум аввалин бор ҳис карданд, ки иқтидори дӯстии халқҳо то кадом дараҷа бузург аст.

Ҳамин тариқ, сохтмони ин нерӯгоҳ қариб шаш сол идома ёфт ва агрегати якуми он 22 декабри 1936 ба кор даромад, ки иқтидораш 3720 КВТ  буд. Ин сана ҳамчун рӯзи энергетикҳо қайд карда машавад. 

Баъд аз ин паи ҳам силсилаи нерӯгоҳҳои  барқии Варзоб -1 (2700 КВТ) ва Варзоб -3(1760 КВТ) бунёд ёфтанд. Ин пешравии энергетика дар он солҳо имконият фароҳам овард, ки ҳам саноат тараққиёт ёбад ва ҳам ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварад. То ин рӯз силсилаи нерӯгоҳҳои  Варзоб  кор карда, ба мардум нерӯи зиёд мебахшанд. Ба тадриҷ, вале сол то сол ба ҳаҷму меъёрҳои бузургтар энергетика дар Тоҷикистон тараққӣ мекард ва боиси пешрафту тараққиёти тамоми хоҷагии халқ, рушди иқтисодии кишвар мегашт. Дар солҳои 1959-1964 силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш, Шаршара бо иқтидори 30 МВТ. Сарбанд 240 МВТ ва Маркази бо иқтидори 15,1 МВТ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин нерӯгоҳҳо дар якҷоягӣ соле 1,3-1,4 миллиард килловатт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Дар он солҳо нерӯгоҳи Сарбанд дар Осиёи Миёна калонтарин буд.

Соли 1956 дар дарёи Сир нерӯгоҳи барқи Қайроқум бо номи “Дӯстии халқҳо” бо иқтидори 123МВТ бунёд ёфт.

 5 майи соли 1967 сохтумони нерӯгоҳи барқии обии Норак оғоз ёфт. Бо шарофати нерӯгоҳи барқии Норак  деҳаи Норак ба як шаҳраки зебову ҳозиразамон табдил ёфт.

Бунёд нақби ирригатсионии Данғара низ аз бисёр ҷиҳат ба бунёди ин неругоҳ вобастагии зиёд дорад.

Ҳамин тариқ 16 ноябри соли 1972 аввалин агрегати он ба тавлиди барқ оғоз намуд. Нерӯгоҳ бо иқтидори пуррааш соли 1979 ба истифода дода шуд. Ин нерӯгоҳ бо 9 агрегати иқтидори ҳар кадомаш 300 МВТ-и соле зиёда аз 11 миллиард киловат соат неруи барқ истеҳсол мекунад.

Сохтмони нерӯгоҳи барқии Бойғозӣ баъди ба итмом расидани нерӯгоҳи Норак оғоз гардид.

Аз ҷиҳати иқтидори худ, баъд аз НБО-и Норак нерӯгоҳи Бойғозӣ бузургтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори он ба 600 МВт мерасид. Ин нерӯгоҳ соли 1986 пурра ба истифодабари  дода шудааст. Баъд аз ин корҳои асосии сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқии Роғун ва Сангтӯда оғоз ёфтанд, ки мутаасифона бо сабабҳои маълум бахусус пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ нақшаи инкишофи энергетикаи Тоҷикистон амалӣ нашуда монд.

Баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, алалхусус, ибтидои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикӣ ва идомаи сохтмонҳои нотамом тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷи нерӯгоҳҳои барқии –обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, хатҳои интиқоли 500КВ-и “Шимол Ҷануб” 220КВ-и “Лолазор-Хатлон”, “Қайроқум-Ашт”, маркази барқу гармдиҳии Душанбе -2 ба иқтидори 450МВТ, даҳҳо зеристгоҳҳои хурду бузурги барқи, садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи сохта ба истифода дода шуд.

Дар нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки дар минтақаи даргир воқеъ буд ва аксарияти техникаву таҷҳизот аллакай ба яғмо рафта буд, ҳифз ва нигоҳубини боқимондаи ин иншооти бузург ва барқарорсозии инфраструктураи он ба роҳ монда шуда, таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шуд. 

Бобати неругоҳи барқии обии Роғун, азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар фарди огоҳ аниқу возеҳ аст. Вале пешниҳоди ҷасуронаи Сарвари давлат, бобати бо маблағҳои худӣ ва бе иштироки дигар давлатҳо дар Конфронси дуввум оид ба фурӯши нерӯи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки рӯзи 27 октябри соли 2006, дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, изҳор гашт.

Баъди ин дар бунёди неругоҳи барқии Роғун марҳилаи хеле муҳим ва ҳалкунанда оғоз ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод ки неругоҳро дар такя ба халқи кишвар бунёд хоҳад намуд, то ягон зарра фоидаи он бегона нагардад.

Рӯзи 5 январи соли 2010 муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар пахш гардид, ки он хеле амиқу самими буд ва баъди шунидан ва мутолиа намудани он мардуми кишвар дар атрофи сарвари давлат зичтар муттаҳид  гашта, барои ин неругоҳи тақдирсоз камар бастанд.

22-октябри соли 2016 дар шаҳри  Роғун  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи  Вахш маросими оғози бунёди Сарбанди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” барпо гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозер якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи  обии “Роғун”, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҳоло корҳои сохтмониву барқарорсозӣ дар ин иншооти азим босуръат идома дорад.

Мувофиқи нақша агрегати аввали он 16 ноябри соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, агрегати дуюми он дар арафаи ҷашни Истиқтиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 2019 ва нерӯгоҳ бо иқтидори пуррааш соли 2024 истифода дода мешавад.

Ҳамин тариқ, масъалаи рушди соҳаи энергетика дар тӯли 28 соли Истиқлолият ҳамеша дар маддӣ назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Таҷикистон қарор дорад.

Итминони комил дорам, ки дастуру нишондодҳо иҷро ва нақшаҳо амалӣ мешаванд ва он рӯз дур нест, ки кишвари мо таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад ва ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи обӣ ба хориҷаи дуру наздик табдил меёбад.

Холов Давлатназар, узви Гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 

 

                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg