БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН САРВАТИ АСОСИИ ИДЕОЛОГИИ ҲАР ЯК ДАВЛАТ БА ҲИСОБ МЕРАВАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Тахшиси тиббӣ» хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Зимнан, дар мулоқот аз ҷониби масъулини ҳизбӣ  қайд гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии соҳибистиқлолии Тоҷикистон бештари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон метавонад рушди бомароми идеологияи миллиро таъмин созад. Дар воқеъ ҷавонон сарвати асосии идеологии ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Бесабаб нест, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар самти кор бо ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Роҳбари ташкилоти ибтидоии “Ташхиси тиббӣ” Қурбонов Исматулло дар суханронии худ изҳор кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон дар ҳама самтҳо тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст, ки дар ин замина бояд ҷавонон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри сарсабзии Ватанамон саҳми хешро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg