БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ МИҲД ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАҲТИ УНОВНИ “ОДАМ НАШАВАД КАСЕ МАГАР АЗ МАКТАБ”-РО ҲИЗБИЁН ТАТБИҚ МЕКУНАНД!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чанор”-и  Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо мақсади татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Аксияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони “Одам нашавад касе магар аз мактаб” ва ҷиҳати ба дарки сокион расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оиди пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ ва оиди таълиму тарбияи дурусти фарзандон аз ҷониби волидайн суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки бузургтарин рисолати волидайн – ин тарбияи хуби фарзанд аст, бо ин мақсад мебояд дар ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, фарзандони худро дар руҳияи илмомӯзӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоем.

Дар раванди суҳбат мавзуҳои дигари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро масъулини ҳизбӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ҳамагон фаҳмонида, таъкид доштанд, ки татбиқи босамари ҳадафҳои созандаи ҲХДТ маҳз барои пешрафту ободонии халқ равона гардидааст. 

Ҳамзамон, дар доираи Аксияҳои болозикр бо дастгирии сокинон яке аз синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҳамин деҳа бо маблағи зиёда рангубор карда шуд.

Ҷараёни Аксияҳои мазкур дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони шаҳри Норак қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg