БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУБОТУ АМНИЯТ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА ВАСИЛАИ МУҲИММИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Файзуллоев Алишер корманди масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ зимни баромад қайд дошт, ки боиси сарфарозӣ аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ливои сулҳу субот парафшон буда, мардуми шарафманди он зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созанда дорад. Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати хосса рушд меёбад, дар ин раванд дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои зиёди ифротиву иртиҷоӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин гурӯҳҳо дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсад ва ниятҳои нопоки худ миёни мардум тавассути роҳу воситаи мухталиф ва амалҳои таҳрибкорона ва зиддиинсонии хеш амал менамоянд.

Дар охир таъкид шуд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон моро водор месозад, ки аз гузашта дида бештар атрофи сиёсати созандаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич гардем. Ин иттиҳоду ҳамдилии мо имконият медиҳад, ки алорағми ҳама тангназарону бадхоҳон истодагарӣ карда, бар зидди амалҳои террористӣ мубориза барем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg