БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба муносибати солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ курси омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, зардӯзӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия ба иштирокчиёни курси омӯзиш вохӯрӣ гузаронида, дар бораи сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баромад карданд.

 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон  қайд кард, ки мо дар замони  соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи  нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оийну анъана, дигар муқадасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg