БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН АМРИ РАИСИ ВИЛОЯТРО ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АМАЛӢ НАМУДА ИСТОДААНД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии давлатии об» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод оид ба масъалаи ба миён гузошташуда муфассал суханронӣ намуд.

Ҳамчунин қайд кард, ки бо мақсади пурра иҷро намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоят карор ба тавсиб расонданд, ки фаъолон ҳар ҳафта рузҳои шанбе ба аёдати ниёзмандон рафта онҳоро ба ғамҳории моддӣ фаро гиранд.

Дар доираи қисмати амалии Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» фаолони ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии давлатии об»  ба ду оилаи ниёзманд ба маблаги 600 сомонӣ кумаки яквактаинаи моддӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg