БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БО ИФТИХОР ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ САҲМ МЕГУЗОРАНД

 А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳақиқат»-и деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимов ва раиси Кумитаии иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҳизб баргузор гардид.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ,  сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар бораи  истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, роҳандозии  корҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ,  созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  сухан ронда, ҳамагонро ба ободониву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуданд.

Сипас, дар доираи Аксияи хизбӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонӣ,  аз қабили сангфаршкунии роҳи маҳаллаи навбунёд анҷом дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg