БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ПИРОНУ БАРҶОМОНДАГОН ПАЙВАСТА КӮМАКИ ТИББИИ РОЙГОН РАСОНИДА МЕШАВАД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №2»-и  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО, Сил, Гепотит, пешгирӣ аз бегонапарастиву  хурофотпарастӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватансозиву худогоҳии  миллӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан,  сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии он андешаронӣ карданд.

Дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҳолу аҳвол ва ваъзи саломатии шахсони пиронсоли деҳа, шахсони камбизоат ва дигар ашхосӣ ба ёрӣ муҳтоҷ хабардор шуда,  ба онҳо дар доираи имкониятҳои худ ёрии тиббӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg