БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН АКСИЯИ “ОДАМ НАШАВАД КАСЕ МАГАР АЗ МАКТАБ”-РО ДАР АМАЛ ТАДБИҚ МЕКУНАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Меҳнатобод” – и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади тадбиқи Аксияи ҳизби таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” ва Аксияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони “Одам нашавад касе магар аз мактаб”  чорабинӣ доир намуданд.

Дар доираи Аксияҳои болозикр сокинон ба сохтани синфхонаи иловагӣ, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 – и ноҳия рафта истодааст, масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ намуда, барои давом додани таъмири синфхонаҳои иловагӣ кӯмак расониданд.  

Сокинони деҳаи мазкур бар он назаранд, ки дар арафаи рӯзи Дониш ин синфхонаи иловагиро сохта ба истифода медиҳанд ва орзуи деринаи онҳо амалӣ мегардад.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, масъулин атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаҳои хешро  баён карда, бо суолу пешниҳодҳои ҷамъомадагон ва  ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ ба вохӯрӣ  анҷом бахшида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg