ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои роҷеъ ба соҳаи кишоварзӣ, самараи хуб ба даст овардан аз заминҳои корам, корбарӣ бо замин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардиданд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.
Баъдан дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”ба як нафар хонанда аз оилаи камбизоат сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.