БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мирзо Турсунзода” !

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи “М.Турсунзода”-и ҷамоати  шаҳраки Данғараи ноҳияи  Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳиб дар назди сокинон вобаста ба  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ,  огоҳонидани сокинон  аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ аз бемориҳои  сироятии мавсимӣ дар фасли гармо,  рушди корҳои хонагию ҳунарҳоимардумӣ, рӯ овардан ба хоҷагидорию кишоварзӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии он,  пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  даъват ба амал оварданд.

Инчунин, дар идома  моҳияти Аксияи ҳизбии”Якҷоя ҳал мекунем!” ва Қарори раиси вилояти Хатлон  “Дар бораи  чораҳои тақвият бахшидани  ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”  ба дарки ҷамъомадагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg