БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР НАЗДИ ДУШМАН АЗ ДӮСТ ШИКОЯТ НАБОЯД КАРД!

ВОКУНИШ. Шайх Фаридуни Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» аз рӯзгори шайхе нақл мекунад: Чун шайх ба бемории шадиде мубтало шуд, ба наздаш табиби яҳудиеро оварданд. Табиб пурсид, кучоят дард мекунад, то даво созам? Аммо шайх изҳори миннатдорӣ  намуда, ба табиб чизе нагуфт.

Пас аз рафтани табиб рафиқонаш аз асли воқеа пурсон шуданд, посух дод: Шарм доштам, ки аз дӯст дар назди душман шикоят кунам!

Оре, бузургон ҳаргиз аз дӯст дар назди душман шикоят намекунанд. Аммо яке аз «дӯсту ғамхори миллат», ба ибораи дигар «ҳомию кафили сулҳ»-ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар арсаи чаҳонӣ аз халқу ватани худ шикоят намуда,  мехоҳад миллати худро бадном кунад.

Тӯли 22 соли баъди имзои Созишномаи сулҳ Точикистон аз  як кишвари шабеҳ ба як деҳкадаи вайрону валангор ба як мамлакати нерӯманд аз нигоҳи иқтисоду фарҳанг ва илму ҳунар табдил ёфт, ба таври расмӣ дар сатҳи созмонҳои   чаҳонии тичорат пазируфта гардид. Омори зиёде овардан мумкин аст, ки вазъи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳоли кунунӣ муаррифӣ  кунанд, аммо тавре ки дар урфият мегӯянд: он ки аён аст, ҳочат ба баён нест…

Ҳанӯз аз оғоз маълум буд, ки ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ лӯхтаки дасти кадом қувваҳое мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ин ташкилот бӯи хун меояд. Он солҳо ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дорад ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амалӣ менамояд. Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ худро бо ҳар баҳона сафед карданӣ шуда, аз номи поки дини ислом баромад мекард. Айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ роҳбари фирории ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз Ватан фирор карда, дар кишварҳои ба ном ба мо «дӯст» қарор дорад. Кабирӣ аз хорича истода тавассути сомонаҳои интернетӣ ва баромадҳо дар васоити ахбори омма ҳар қадаре  метавонад Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба чуз бадгӯӣ дигар чорае надорад.

Имрӯз Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи  чомеаи чаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо. Мегӯянд офтобро ба доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама медонанд, ки ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии Кабирӣ кистанд ва чӣ ният доданд.

Мутмаинем, ки парда аз рӯи бозиҳои сиёсии Кабирию кабирипарастон бардошта шуд ва ҷомеаи кунунӣ ҳаргиз пушти се-чор асолатбохтаи ватанфурӯш намеравад.

 

Майрамбӣ  Қодирова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва                                 робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg