БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ АЗ ОМИЛҲОИ БОЗДОРАНДАИ РУШДУ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА МЕБОШАД

АНДЕША. Сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфитҷуву тахрибкор баръакс, ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд.

Ончуноне дар боло гуфта шуд, дин аз ҳама нуктаи ҳассоси ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани рӯҳияи давлатдории миллӣ равона карда шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳамаи ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки рӯҳи миллии мардум бо рӯҳи давлатӣ даромезад. Муҳим будани ин андешаро аксари мардумони хирадманд ва кишварҳое, ки садсолаҳо собиқаи давлатдорӣ доранд, пазируфтаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад. Таассуби диниро метавон чунин таъриф кард: «Эътиқод ва пайравии кӯркӯронаи хеле сахтгир ба ин ё он ақидаи дининамо, ё бовариҳои дину мазҳабҳо чун ҳақиқати ягона». Таассуб навъе аз ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст.

Хурофот бошад дар луғат ҷамъи хурофа буда, аз решаи харифа ба маънои аз ақл бегона шудан, аноӣ ё ҳарзагӯӣ кардан аст. Ба истилоҳ одатҳо ва ақоиде ҳаст, ки бар хилофи ақлу мантиқу илм буда, бо мизони шариат низ созгор нест. Аз рӯи истилоҳ хурофот маҷмӯи эътиқодоти диниест, ки аз нуқтаи назари низоми муайяни динӣ ғайриақлонӣ буда, ботил дониста мешавад.

Таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб гувоҳ аст, ки чун дин ба сохтори давлатдорӣ омезиш ёбад ва ашхоси дингаро зимоми сиёсатро ба даст гиранд, фарҳанги хурофот ҷойгузини қудрати тафаккур гардида, илм рӯ ба рукуд ва иқтисод ба варшикастагӣ мерасад.

Аз таърих медонем, ки дар Шарқи мусалмон посухи тамоми саволҳои фалсафиву илмӣ аз тарафи дастгоҳи қудрат ба рӯҳониён дода шуда буд ва ниёзе ба тафаккури инсонӣ боқӣ намемонд. Фалсафаи исломӣ фақат таҳқиқу ҷустуҷӯҳои илмиро дар чорчӯби усули дин иҷоза медод. Андешаи исломӣ, ки дар дасти сиёсат ба як василаи расидан ба манфиатҳои шахсӣ табдил ёфта буд, ақлгаро набуд. Омили бузурги ақибмондагии Эрону Хуросону Вароруд ва соири кишварҳои исломӣ пеш аз ҳама саркӯби андешамандон, рақобати ҳокимони маҳаллӣ барои нишон додани садоқати худ ба халифаҳои исломӣ, дар зимн таъқиби равшангарон бо номҳои «зандиқа» ва «қарматия», вазъи бади иқтисодӣ буд. Фалсафаи саросар ирфонии фақеҳони мутаассибе ба монанди Суҳравардӣ, Ғазолӣ ва Муллосадро баринҳо пеши роҳи андешаҳои фарҳехтагонеро чун Умари Хайём, Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розиро гирифта, ҳаргиз намегузошт ба монанди Аврупо дар Эрону Вароруд асри рененсанс ба вуҷуд ояд. Ғазолӣ муборизаи сахт бо ҷараёнҳои фалсафӣ ва андешмандони асил мебурд. Ғазолӣ китоби худро зери унвониТаҳофут-ул-фалосифа” барои инкори фалсафа навишт ва фалсафаи ақлиро куфр эълом дошт. Зиддияти Ғаззолӣ бо илму фалсафа чунон сахт буд, ки бозии шатранҷ ва илмҳои ҳисобу ҳандаса ва риёзиётро зараровар хонд ва гуфт омӯхтани риёзиёт ба дин зарба меоварад ва бо ин иддаои худ хилофати аббосӣ ва ҳокимияти диниро ҷонибдорӣ кард.

Зарбаву осеби рӯҳиву фарҳангии ба сари мардуми мо бабороварда беш аз харобиҳои физикиву хисороти иқтисодии он буд. Дар Эрону Хуросону Вароруд дини фарогири ҳамакасу ҳамачиз ҳамчун бахши ҷудоинопазири ҳукумат боқӣ монда, фалсафаи ақлӣ ба ирфон олӯда шуда, аз фардгароӣ фосила гирифт, ки далели он ҳампайвандии дин ва давлат буд. Дар ин бора гуфтаҳои ватанпарасте гӯёву расо мебошанд: «Даврони ақибмондагии мо замоне шурӯъ шуд, ки ҷойи андешиданро «тақлид», ҷойи талошу кӯшишро «дуо», ҷойи фикр кардан ба орзӯҳои бузургро «қаноат» ва ҷойи иродат ба рафтану расиданро «қисмат» ва ҷойи тасмими ақлониро «истихора» (талаби хайр – орзу кардани фоли нек) гирифт». Имрӯз низ назарияпардозони казоӣ аз кишварҳои мусалмонии гирифтори таассуб, аз роҳи пахши барномаҳои телевизионӣ, интишори маводи интернетӣ, чоп намудани адабиёти исломгароӣ ва ғайра ба хаёли ҷавонони мо андешаҳои иртиҷоъиеро мекоранд, ки обишхӯри кайҳоншиносии динӣ ва фалсафаҳои динӣ буда, зимоми ҳукумат дар дасти созмонҳои динӣ буданро ташвиқ мекунанд ва бо таассуф ба чашм мехӯрад, ки дар миёни иддае аз ҳамдиёрони ба донишварзиву донишҷӯӣ сарукордошта назарияҳое ба сони хуршедмарказӣ (системаи офтоб), офариниши ҷаҳон, такомули табиъӣ (эволютсия) ва соири дарёфтаҳои донишмандони Ғарбро зери тозиёнаи интиқод ва инкори қатъӣ қарор медиҳанд. Чуноне ба мушоҳида расид, бархе ҷавонони донишпажӯҳ дар ёддоштҳои компютерии худ тамоми асарҳои пажӯҳишгари иртиҷоъии Туркия Аднан Октар (Бо тахаллуси Ҳорун Яҳё) ро, ки бо забони русӣ баргардон шудааст, гирд оварда, пайваста азбар мекарданд, дар сурате ки ин асарнависи тундгаро тамоми назарияҳои фалсафии равшангароии Ғарб ва кашфиётҳои созандаи илмҳои табииро бепоя арзёбӣ намуда, назару афкори ҷавонони акнун ба кофтуковҳои илмӣ пардохтаро ба андешарониҳои ҷазмиву хаёлии асрҳои миёнаи Шарқ банд месозад.

Яъне, мутаассибон ба хотири пешгирӣ аз рушди илму технология аз дин сӯистифода намуда, бо сохтани ҷомеаи таассубӣ мардумро ба механизми иҷрои андешаҳои муғризона ва ифротгароёнаи худ табдил медиҳанд ва дар ин роҳ аз муассисаҳои динӣ, хоса масҷидҳо васеъ истифода мебаранд. Ҷангу даргириҳое, ки солҳост миёни мазоҳиби исломӣ дар масоҷиди Покистону Афғонистон ва соири мамолики Ховари Миёна рӯйи кор омадаанд, авзои минтақаро хароб ва зиндагии мардумро табоҳ сохтаанд. Масҷид солҳост мадди назари як гурӯҳи фурсатталаби сиёсӣ ба унвони маркази таҷаммӯи мардумӣ ва интишори хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор дорад ва аз он чун механизми фаъоли иҷтимоӣ дар ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ васеъ корбаст мекунанд. Аллакай ин мутаассибони ифротии ба қавли худашон “ҳомиёни ислом” дар минбару меҳробҳо маводи тарканда гузошта, намозгузоронро ба қатл расонида истодаанд ва бешармона ҷиноятро ба уҳда гирифта иброз медоранд, ки он намозгузорони дар таркиши бомбҳои онҳо ҳалокшуда ҳамагӣ “шаҳид” шудаанд ва бояд хешовандонашон нибати қотилони онҳо нафрат накунанд, балки барои шаҳид карданашон миннатдор ҳам шаванд. Аҷаб мантиқе!? Силсилаи низоъ ва даргириҳо имрӯз ҳам дар масоҷиди мамлакатҳои исломӣ идома дорад ва афзоиш ёфтани теъдоди масоҷид ва ҷалби насли ҷавон ба кори саросарии ибодатӣ бесабаб нест ва аз он дар дасти бозигарони сиёсӣ барои даргир сохтани мардум, тавсеа бахшидани низоъу бадбиниҳои мазҳабӣ, таҳкиму тақвият додани хирадситезӣ ва хурофотписандии табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ абзори калидии геосратегӣ мебошад. Ин аст, ки дар шароити имрӯзи бозиҳои геосиёсӣ, ба хотири ҳифзи арзиш ва манофеи миллӣ мебояд ҳушёр буд ва аз таблиғи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки дар қолаби таълифоти бузургони исломӣ низ манзур мегардад, худдорӣ варзид.

Мебояд қайд намоем, ки ҷиҳати аз байн бурдани таассуби динӣ дар ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ ҳамзамон ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон дар алоҳидагӣ манфиатдор ва масъуланд.

 

Раҷабов Азиз,узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg