
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади тадбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 барои таъмири ҷории он кӯмаки моддӣ расониданд.
Кӯмаки навбатӣ бо ташаббуси фаъолон, аъзову ҷонибдорони ҲХДТбаргузор гардида, девор ва фарши яке аз синфхонаҳои муассиса рангубор карда шуд. Баъдан дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулини ҳизбӣ атрофи Сокинои деҳаи Гули Сурх дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.
Дар охир чанде аз сокинон иброз доштанд, ки дар оянда низ ҳадафҳои созандаи ҳизбро дастгирӣ карда, барои иваз намудани болопӯши муассисаи номбурда саҳмгузор хоҳанд буд.