БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ СИҲАТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию  санитарӣ”-и шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир гардид, ки дар он рушд бахшидан ба соҳаи тандурустӣ ва муҳайё сохтани инфрасохтори соҳа аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дониста шуд.

Дар баромади Фароғат Назарова қайд гардид, ки дар Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти он диққати махсус зоҳир мегардад.  

Имрӯзҳо дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳр бунгоҳи тиббӣ сохта шуда истодааст, ки мавҷудияти он сатҳи хизматрасонии тиббиро ба сокинони ин деҳа беҳтар мегардонад.

Ҳамзамон, дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ анҷом дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg