БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии "Орзу"-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Алиев Зафар-корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, пешрафти марҳила ба марҳилаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, амалишавии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҳамин замина ба кор омадани ташаббусҳои созанда ва вусъат пайдо намудани корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар амалҳои созандаву бунёдкорона суханронӣ намуда, аз аъзоёни фаъоли ҳизб даъват ба амал овард, ки дар ободонии мактаб,ки ояндаи фарзандонашон аз он вобаста аст, саҳми худро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg