БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Дараи Мухтор” хониши сиёсӣ гузаронида шуд, ки он барои шунавандагон хеле  диққатҷалбкунанда буд.

Баъди шунидани маълумот дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷамъомадагон оид ба дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, вазифаҳо дар амри иҷрои ҳадафҳои нав - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноаткунонии босуръати кишвар, хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, мақсад ва ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ масъалаҳои таваҷҷуҳи назарашон  ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

 Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бобои Шариф, ки бемори бистарӣ мебошад аёдат карда шуда,  кӯмаки молиявӣ расонида шуд.  Инчунин, дар ин раванд ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро фаъолон дастгирӣ карда, муассисаи таълимии хатмкардаашонро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg