
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъалаҳои шаҳрвандӣ. Ин навбат масъулини ҳизб дар ноҳияи Хуросон оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро бо масъулияти баланд баргузор намуданд.
Дар ин чорабинӣ дар баробари раиси ҳизб дар ноҳия Саидзода Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон низ иштирок карда дар баробари шинос шудан аз кору фаъолияти баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии «Эҳё ва дастгирӣ» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз вохӯрӣ баргузор намуданд.
Баъд аз баргузории хониши сиёсӣ бо мақсади амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 2 нафар кӯдаки маюб туҳфаҳо супорида шуд.