БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАВОДИ ОЗУҚАВОРӢ– БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Ҷайҳун. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ» вохурии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар он Бекмамадов Асалмамад иштирок карда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, иброз дошт, ки: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз медорад, ки «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст».

Бинобар ин моро зарур аст, ки аз Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулосаи даркори бароварда ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазирро андешем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg