Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Шоҳон» доир гардид.
Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар он иштирок карда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, коррупсия ва оқибатҳои ногувори он ба инкишофи миллату давлат ва татбиқи амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» изҳори андеша намуд.
Инчунин, дар бораи ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ ва хайру сахо дар ростои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баҳри истиқболи сазовори таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки соли 2021 сурат мегирад, андешаронӣ намуда, сокинонро ба муттаҳидиву якмаромӣ даъват намуд.