
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кӯмаки аввалияи тиббӣ»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлиси таблиғотӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсунбӣ атрофи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират, истифодаи дуруст аз таҷҳизотҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки вақтҳои охир бештар ба чашм мерасад ва сафарбар кардани соҳибкорону саховатмандон ва дигар фаъолон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз қабили роҳсозӣ, обкашонӣ, таъмири мактаб ва кӯмак ба ниёзмандон суханронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани масъалаҳои болозикр даъват ба амал овард.